Январ 20, 2021 15:26 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст дар сурати мусоид будани шароит аз аввали феврали 2021 масоҷиди Тоҷикистон бозгушоӣ шавад
    Қарор аст дар сурати мусоид будани шароит аз аввали феврали 2021 масоҷиди Тоҷикистон бозгушоӣ шавад

Ситоди кишварии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон ба Шӯроии уламоии исломӣ дастур додааст, ки барои бозгушоии масоҷид аз рӯзи аввали феврал омодагӣ бигирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати тандурустӣу ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , ба далели сифри шудани шумори мубталоён ба Ковид 19 ва холӣ шудани бемористонҳо аз ин беморон , Ситоди кишварии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон дастури бозгушоии тамоми масҷидҳои кишварро аз рӯзи аввали феврал содир кард .

 Дар ин дастур таъкид шуда аст, дар сурате ки иттифоқи хосе рух надиҳад Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон метавонад аз рӯзи аввали феврали имсол масоҷиди кишварро бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ боз кунад.

 Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли 2020 тибқи мусаввабаи Шӯрои уламоии исломии ин кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо  корона барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19 баста шуд.

 Ба вуҷуди азсаргирии фаъолияти марокизи тиҷорӣ тарабхонаҳо , ғизохуриҳо ва бару дискотекаҳо Тоҷикистон аз 15 июни соли 2020 ба далели коҳиши хатароти вируси корона бозгушоии масоҷид ба тул анҷомид, ки ин мавзӯъ интиқоди корбаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дунбол дошт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп