Январ 26, 2021 15:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи муқаррароти бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон
    Эъломи муқаррароти бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон вуруди афрод бидуни ниқоб ба масҷидҳоро мамнӯъ ва ин марокизи ибодиро муваззаф кард маводи зиддиуфуникунанда ва дастгоҳҳои табсанҷиву таҳвияи ҳаворо таъмин кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , ситоди кишварии мубориза бо вируси корона Тоҷикистон муҷаввизи бозкушоии масҷидҳо аз рӯзи аввали февралро содир кардааст.
 
Дар ҳамин заминаи масъулони идораи назорат бар фаъолияти марокизи дармонии шаҳри Хуҷанд дар дидор бо имомони масоҷиди маркази вилояти Суғд мавзӯи риояти муқаррароти беҳдоштиро дар масоҷиди ин минтақа баррасӣ карданд.
  
Ба имомони масҷиди шаҳри Хуҷанд таъкид шуд,ки мурооти муқаррароти беҳдоштӣ илзомӣ аст ва онон масъули ин умур ҳастанд.
 
Ҳамчунин дар болои дари масҷидҳо насби навиштаҳоӣ бо ин мазмун, ки " вуруд бидуни ниқоб мамнӯъ аст " ва " аз даст додан бо якдигар худдорӣ кунед" низ илзомӣ шудааст.
 
Риояти фосилаи иҷтимоӣ ҳангоми иқомаи намоз низ аз дигар илзомоти бозкушоии масоҷид эълом шудааст.
 
Ҳамчунин ба намозгузорон тавсия шудааст барои намоз дар масҷид бо худ саҷҷода ба ҳамроҳ дошта бошанд.
 
Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 аврели соли 2020 тибқи мусаввабаи шӯроии уламоии исломии кишвар ва тавсияҳои сетоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковиди-19 баста шуд.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп