Феврал 07, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз коргарон дар ширкатҳои зермаҷмӯъаи Роғун наздик ба 8 моҳ маош нагирифтаанд
    Бисёре аз коргарон дар ширкатҳои зермаҷмӯъаи Роғун наздик ба 8 моҳ маош нагирифтаанд

Муҷаввизи фаъолияти чанд ширкати созандаи неругоҳи обӣ-барқии Роғун ба далели нотавонӣ дар пардохти маошу дастмуздҳои коргаронашон бекор шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, бар асоси тасмими Вазорати молияи Тоҷикистон ширкати " Асри нур " ва теъдоди  дигар аз ширкатҳои дастандаркори сохти нерӯгоҳи Роғун танҳо пас аз пардохти маоши ақибуфтодаи коргарони худ метавонанд дубора муҷаввизи фаъолият дар ин тарҳи муҳими энержиро дарёфт кунанд.

 Пештар теъдоди зиёде аз коргарони ин ширкатҳо шикоят карда буданд, ки наздик ба 8 моҳ аст маош дарёфт накардаанд .

Ин дар ҳоле аст, ки аз миёни 25 ҳазор коргари машғул дар сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, коргарони ширкати италияии Салини Импреҷило ( Salini Impregilо ) муҷрии тарҳи сохти ин нерӯгоҳ ва дигар ширкатҳои хориҷӣ сари вақт маоши худро дарёфт мекунанд .

 Ҳамчунин муаллимони омӯзишгоҳи фаннӣ-касбии шаҳри Роғун низ аз моҳҳо таъхир дар  маоши худ шикоят карда буданд .

 Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон тобистони соли 2020 дар дидор бо коргарони нерӯгоҳи Роғун дар бораи пардохт шудани маоши онон дар наздиктарин замони мумкин ваъда дода буд, аммо ин амр рух надод .

 Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соъат-барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии Осиёи марказӣ аст ва гуфта мешавад сохти он дар соли 2033 ба поён мерасад .

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп