Феврал 17, 2021 21:35 Asia/Dushanbe
  • Станислав Зас дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳроиддин ва Шералӣ Мирзо дидор кард
    Станислав Зас дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳроиддин ва Шералӣ Мирзо дидор кард

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) дар Душанбе гуфт: “тақвияти таҷҳизотии марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар авлавияти барномаҳои ин созмон дар соли 2021 қарор дорад”.

Ба гузориши сомонаи кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Станислав Василевич Зас, ки дар сафари расмӣ ба Душанбе омадааст дар дидори Сироҷиддин Муҳирддин ва Шералӣ Мирзо, вазирони умури хориҷа ва дифои Тоҷикистон афзуд:" имсол барои баргузории чанд размоиши нерӯҳои муштараки ин созмон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барномарезӣ шуда, ки ҳадафи онҳо тақвияти тавони ин нерӯҳо барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон аст. "

Тоҷикистону Афғонистон наздик ба ҳазору 400 километр марзи муштарак доранд, ки маҳали фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, ҷинояткорони созмонёфта ва одамрабоён аст.

Дар ин дидор равобити дуҷониба, таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, авзоъи амниятии минтақа, мубориза бо тероризм, ҳамкориҳои фаннӣ низомӣ ва баргузории размоиши муштараки нерӯҳои ин созмон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Баррасии омодагии Тоҷикистон барои баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СААД дар Душанбе дар баҳори оянда аз дигар мавзӯоти ин дидорҳо буд.

Тоҷикистон раёсати давраии СААД дар соли 2021-ро бар ӯҳда дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп