Феврал 20, 2021 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси қарз барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун
    Ихтисоси қарз барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун

Муовини вазири молияи Тоҷикистон эълом кард, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумати ин кишвар барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 290 миллиондоллар ихтисос хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷвик, Ҷамшед Каримзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “соли 2020 барои маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҳисоби буҷет 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 290 млн доллар) ва аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии кишвар 1 млрд сомонӣ равона шуд”.

Дар соли 2020 эълом шуд, ки ҳукумат ният дорад барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) 340 млн евро қарз гирад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, аз замони ба истифода додани ду агрегати неругоҳи Роғун (ноябри соли 2018 ва сентябри 2019) дар онҳо ба маблағи 500 млн сомонӣ 2,5 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳол шудааст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 турбини нерӯгоҳи Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт/барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз мушкили камбуди барқ аз байн меравад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ карданд, ки такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён бирасад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп