Феврал 20, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон 32 дар сад коҳиш нишон медиҳад
    Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон 32 дар сад коҳиш нишон медиҳад

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши мубодилоти бозаргонии ин кишвар бо Афғонистон дар пайи густариши Ковиди 19 дар соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Завқи Завқизода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар соли 2020 мизони мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон ба 70 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 32 дарсад коҳиш нишон медиҳад. 


  
Вай изофа кард: Тоҷикистон дар соли 2019 ба Афғонистон 97 миллион доллар содирот доштааст. 
  
  

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон илова кард: "Афғонистон соли 2020 аз Тоҷикистон семент, барқ ​​ва оби маъданӣ мехарад."

Завқи Завқизода ҳамчунин аз коҳиши содироти барқ ба ин кишвари ҳамсоя дар соли гузашта ба далели буҳрони камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон хабар дод ва изҳор кард: Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона 4 бозорчаи марзии муштарак миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон баста шуд, ки сокинони ин манотиқро бо мушкили камбуди маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст. 

Ба гуфтаи вай ин бозорчаҳо як соласт ки фаъолият намекунанд .

 

Бештар бихонед:

Барчасп