Феврал 21, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Мошинҳои боркаше, ки пушти марзҳои баста монданд
    Мошинҳои боркаше, ки пушти марзҳои баста монданд

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз банд мондани 260 мошини боркаш бо колоҳои фаъолони бахши хусусии ин кишвар дар пушти гузаргоҳи марзии Қулма дар вилояти Бадахшон дар марзи муштарак бо Чин хабар дод.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Азим Турсунзода-муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо гузаргоҳи заминӣ миёни Тоҷикистону Чин аз моҳи ноябри соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шуда ва ин миқдор мошинҳои боркаши фаъолони бахши хусусии ин кишвар дар қаламрави Чин мутаваққиф шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки мақомоти чинӣ замони дақиқи бозгушоии ин гузаргоҳи муҳими марзӣ бо Тоҷикистонро эълом накардаанд . Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл вазири  умури хориҷаи Тоҷикистон аз сохти маркази вижаи зиддиуфунӣ  аз сӯи Чин дар марзи муштарак бо Тоҷикистон хабар дод.

 Сироҷиддини Муҳриддин эълом кард,ки дар ин марказ бояд тамоми мошинҳои боркаши ҳомили маҳсулот ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон зиддиуфунӣ шаванд.

  Вай замони поёни сохти ин марказро охири моҳи феврали соли ҷорӣ унвон кард.

 Фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз Чин асосан масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, либос, таҷҳизот ва лавозими хонагӣ ворид мекунанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп