Феврал 24, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Соли 2021 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42 миллион доллар кумак хоҳад кард
    Соли 2021 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42 миллион доллар кумак хоҳад кард

Бонки Ҷаҳонӣ барои тақвияти инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва дастгирии осебпазир дар Тоҷикистон 12,5 миллион доллар кумаки ройгон ҷудо мекунад.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Бонки Ҷаҳонӣ дар як изҳорот гуфт, ки ин миқдори кумаки ройгон илова ба ҳаҷми 8 миллиону 600 ҳазор доллар хоҳад буд, ки ин ниҳоди молии байналмилалӣ барои он харидории ваксинаи корона, ба манзури ваксинатсияи гурӯҳҳои ниёзманд ҳазина хоҳад шуд.

Аз ҳисоби кумаки молии ройгони 12 миллиону 500 ҳазор доллари Бонки ҷаҳонӣ хутути тавлиди оксиген дар 15 бемористони Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Ҳамчунин бахше аз ин кумаки молӣ барои 70 ҳазор хонаводаи осебпазир дар Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Бо ин иқдом кумакҳои ройгони Бонки ҷаҳонӣ ба бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон ба 21 доллар мерасад.

Дар маҷмӯъ мизони кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои ҳимоят аз бахши тандурусти кишвар 42 миллион долларро ташкил хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп