Феврал 24, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 1 миллиарду 287 миллион киловатт/соат барқ дар нерӯгоҳи Роғун

Соли гузашта 1миллиарду 287 миллион киловатт/соат барқ дар нерӯгоҳи Роғун тавлид шуд.

Ба гузориши аз сомонаи Тоҷ вик, ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ду турбини ин нерӯгоҳи 840 миллион киловатт/соати барқ тавлид карда буд.

Акнӯн нерӯгоҳи Роғун 6,5 дарсад аз кулли барқи тавлид шуда дар неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳароратии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Албатта ду турбини фаъоли ин нерӯгоҳи солона 100 то 200 мегаватт/барқ тавлид мекунанд, ки дар сурати такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 зарфияти ҳар як аз шаш турбин ба 600 мегаватт хоҳад расид.

Турбин нахусти нерӯгоҳи барқи обии Роғун пас аз гузашти 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳимми энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 баҳрабардорӣ шуд.

Турбини дувуми он ҳам дар солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистони дар 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.

Мақомоти Тоҷикистон имсол барои такмили нерӯгоҳи барқи обии Роғун 290 миллиондоллар ихтисос доданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп