Феврал 28, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳануз барои воридоти ваксинаи русии Спутник V ба Тоҷикистон тасмимгирӣ нашуда аст
    Ҳануз барои воридоти ваксинаи русии Спутник V ба Тоҷикистон тасмимгирӣ нашуда аст

732 ҳазор дозаи ваксинаи коронаи Астра Зенека/Оксфорд бо ҳамкории Cозмони тандрустии ҷаҳонӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ба зудӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст ки 8 миллиону 600 ҳазор доллар барои хариди ваксинаи корона ва эминсозии гурӯҳҳои ниёзманд дар Тоҷикистон ҷудо хоҳад кард .

 Дар айни ҳол барои воридоти ваксинаи русии Спутник V ба Тоҷикистон ҳануз тасмимгирӣ нашудааст.

  Наврӯз Ҷаъфаров-мудири идораи бемориҳои сироятӣ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар бораи воридоти ваксинаи русии Спутник пас аз машварат бо Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ тасмимгирӣ хоҳад шуд .

  • Тасмими Тоҷикистон барои хариди ваксинаи русии корона мушаххас нест

  Қаблан мақомоти ин вазоратхона эълом карда буданд, ки дар марҳалаи аввал кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди болои 50 сол дар авлавияти тазриқи ваксинаи корона қарор доранд ва як миллиону 800 ҳазор нафар алайҳи ин беморӣ эминсозӣ хоҳанд шуд.

  Дар ҳамин ҳол бисёре аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ин рӯзҳо ба марокизи дармонии ин кишвар муроҷиа кардаанд гуфтаанд ки аз онон дар бораи тамоюлашон ба тазриқи ваксинаи корона ва назарашон дар ин бора савол шудааст. . Ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шуда ва аз ин теъдод 90 нафар ҷон бохта ва бақия дармон шудаанд .

  Дар ҳудуди 40 рӯзи ахир ҳеч мавриди наве аз ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуда ва вазъияти бемории корона дар ин кишвар сафед аст.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп