Феврал 28, 2021 13:56 Asia/Dushanbe
  • Марзҳои заминии Тоҷикистону Узбекистон кай боз мешавад?

Муовинони аввали вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбекистон аз тариқи иртиботи тасвирӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар дидори Хусрав Нозирӣ ва Фарҳод Орзӯев ҳамчунин роҷеъ ба авзоъи амниятии минтақа ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.

Бо ин ҳол мавзӯи бозгушоии марзҳои заминии ду кишвар, ки ҳамакнӯн танҳо барои рафту омади тоҷирон ва донишҷӯён муҷоз аст, ҳануз мубҳам аст.

Агарчӣ бархе манобеъ дар Тоҷикистон аз эҳтимоли бозгушоии марзҳои заминии ду кишвар дар Наврӯзи имсол хабар додаанд, Азим Иброҳим, вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ин эҳтимолро баъид медонад.

Азим Иброҳим гуфтааст: ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар бахши ҳамлу нақл бисёр матлуб аст, аммо дар мавзӯи бозгушоии марзҳои заминӣ ҳеч таърихе мушаххас нашудааст.

Вай изофа кард, ин мавзӯ ба беҳбуди авзоъи коронаӣ бастагӣ дорад ва танҳо бо тасмими ситодҳои мубориза бо Ковид 19-и Тоҷикистону Узбекистон имконпазир хоҳад буд.

Марзҳои заминии Тоҷикистону Узбекистон аз моҳи марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шуда ва танҳо барои рафту  омад тоҷирону донишҷӯён боз аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп