Март 01, 2021 01:47 Asia/Dushanbe
  • Гардиши молии 4,5 миллиондолларӣ байни минтақаи Хатлон ва Эрон
    Гардиши молии 4,5 миллиондолларӣ байни минтақаи Хатлон ва Эрон

Соли гузашта гардиши молии тиҷории байни минтақаи Хатлон ва Эрон ҳудуди 4, 5 миллион доллар буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии минтақаи Хатлон ин матлабро раиси минтақаи Хатлон Қурбон Ҳакимзода эълон кард.

Ӯ афзуд: Соли 2020 мизони тавлидоти саноатӣ дар ин минтақа ҳудуди 8 миллиарду 800 миллион сомонӣ буд.

Раиси минтақаи Хатлон гуфт: 619 ширкат ва коргоҳ ҳам дар ин минтақа фаъол ҳастанд.

Қурбон Ҳакимзода изҳор кард: Соли гузашта 110 ҳазор тонна маҳсули кишоварзӣ низ аз ин минтақа ба 34 кишвар содир шуд.

Ӯ идома дод: Кулли гардиши молии ин минтақа дар соли гузашта ҳудуди 310 миллион доллар будааст.

Раиси минтақаи Хатлон гуфт: Яке аз шарикони тиҷории минтақа остони Хуросони Разавӣ аст ки бояд барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи фароварии пӯсту пашм, тавлиди доруҳои гиёҳӣ, фароварӣ ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ талоши бештар шавад.

Ӯ алоқамандии худро барои тақвият ва густариши бештари равобит дар заминаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гардишгарӣ  бо уросони Разавӣ иброз кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп