Март 01, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Дар Узбакистон дар давраи Каримов бисёр маҳбусони тоҷик маҳкум шудаанд
    Дар Узбакистон дар давраи Каримов бисёр маҳбусони тоҷик маҳкум шудаанд

Гурӯҳе аз зиндониёни Тоҷикистон дар Узбакистон аз мақомоти ду кишвар дархост кардаанд, ки парвандаҳои онон дубора мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, аксари ин афрод дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Узбакистон боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. 

Зафар Раҳмонов сокини 50 солаи ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд гуфтааст, ки 8 сол қабл пас аз убури  марзи Узбекистон бо ҳадафи тиҷорат, кормандони амниятии ин кишвар ӯрои боздошт ва додгоҳ низ ӯро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

Қузимурод Акрамов яке аз дигар зиндониёни тоҷик низ таъкид кардааст, ки 8 сол қабл барои пайдо кардани бародари гумшудааш аз марзи Узбакистон убур кард, аммо мақомоти қазоии Тошканд вайро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба 17 соли зиндон маҳкум кардаанд. 

Дар даврони ҳукумати Ислом Каримов даҳҳо тоҷикистонӣ дар қаламрави Узбекистон боздошт ва ба иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. 

Дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд эълом кардаанд, ки аз номаи зиндониёни тоҷик итилоъ доранд ва ба онон кумакҳои мушовираӣ ироа кардаанд. 

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ аз ин ки пас аз фавти Ислом Каримов раиси ҷумҳурии вақти Узбакистон равобити Душанбе ва Тошканд беҳбуд ёфтааст, аммо дар мавриди бознигарӣ дар ҳукми маҳкумияти тоҷикҳои зиндонӣ ҳеч пешрафте нест, иброз нигаронӣ кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп