Март 04, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон бо ду боксёр дар  олимпиадаи Токио

Ду боксёри тоҷики ҷавози ҳузур дар бозиҳои олимпии Токиоро касб карданд .

  Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов ( 63 килограм ) ва Шаббос Неъматуллоев ( 81 килограм ) ду муштзани тоҷик ҳастанд, ки дар ин бозиҳо ҳузур хоҳанд дошт .

  Боксёрҳои тоҷик пас аз ширкат дар мусобиқоти бокси Осия, соли 2020 ба олимпиада роҳ ёфтанд . Баҳодур ва Шаббос бо ҳидояти мураббиён  Мирзо Шамсов, Хуршед Ҷураев ва Эмомалӣ Мавлонов барои муваффақият дар олимпиада тамрин мекунанд .

  Баҳодур Усмонов дар январи соли ҷорӣ дар мусобиқоти байналмиллалии бокси ҳирфаӣ дар Сочии Русия ширкат кард ва пирӯз шуд ва карор аст аз 15 то 23 марти низ дар як мусобиқи байналмиллалии дигар дар Русия ширкат кунад

Шаббос Неъматуллоев ҳам дар мусобиқи байналмиллалие, ки қарор аст аз 15 то 21 март дар Истанбули Туркия баргузор шавад, ширкат хоҳад кард .

 

   Бештар бихонед :