Март 06, 2021 12:43 Asia/Dushanbe
  • Нархи ҳар литр салярка ва бензин ба 7 сомониву 80 дирам афзоиш ёфтааст
    Нархи ҳар литр салярка ва бензин ба 7 сомониву 80 дирам афзоиш ёфтааст

Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон далели гарон шудани қиммати сӯзишворӣ дар ин кишварро коҳиши воридот аз Қазоқистон унвон кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор Осиёи Марказӣ, нархи ҳар литр салярка ва бензин, ки 6 сомониву 60 дирам ба фурӯш мерасид, акнӯн ба 7 сомониву 80 дирам афзоиш ёфтааст. Ин шохис дар шаҳри Хоруғи маркази вилояти Бадахшон ба 8 сомониву 10 дирам расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки авоили имсол нарх ҳар литр сӯзишворӣ 5 сомониву 60 дирам таъин шуда буд. Гуфта мешавад, Қазоқистон, ки яке аз таъминкунандагони бензини Тоҷикистон аст, худаш акнӯн аз Русия ин навъи сӯхтро ворид мекунад.

Дар Русия низ қимати ин ду навъи сӯхт афзоиш ёфтааст.

Афзоиши нархи сӯхт ҳамзамон бо эъзоми нерӯи низомии Қирғизистон ба марзи муштарак бо Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба кишвари ҳамсоя иттифоқ афтодааст.

Аз сӯи дигар коршиносон таъкид кардаанд, ки бо ин вазъият имкони афзоиши қимати ҳар литр сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар охири моҳи март то 9 сомонӣ низ вуҷуд дорад.

Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон салярка аз Русия ворид карда буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп