Март 13, 2021 20:51 Asia/Dushanbe
  • Маоши наздик ба 70 дарсад аз хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби даромади ирсолии коргарони муҳоҷир таъмин мешавад
    Маоши наздик ба 70 дарсад аз хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби даромади ирсолии коргарони муҳоҷир таъмин мешавад

Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ва пешгирии коҳиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумат ҳисобот оид ба ташкили ҷойҳои корӣ дар шароити коронариро пешниҳод менамояд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард, ки дар нишасти ин  коргурӯҳ роҳҳои  эҷоди шуғл дар шароити коронаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натоиҷи ин фаъолиятҳо дар шакли гузориш ба ҳукумати ин кишвар ирсол хоҳад шуд. 

Қаблан Бонки ҷаҳонӣ бо ишора ба афзоиши ҷамъият ва нерӯи кори ҷавони Тоҷикистон, ки умдатан дар манотиқи рустоии ин кишвар зиндагӣ мекунанд хостори тадвини барномаи муназзами Эҷоди иштиғол дар шароити густариши вируси корона шуда буд.

Коршиносон ҳузури беш аз 1 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро манбаи муҳими ирсоли манобеи молӣ ба Тоҷикистон ва таъмини ниёзи маъишатии хонаводаҳои кишвар унвон мекунанд. 

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кард, ки дар сол 2020 даромад ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон аз Русия дар қиёс бо соли 2019 ба мизони 6, 3 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия муддаист, ки танҳо тайи 9 моҳи соли 2020 ин афрод ба Тоҷикистон 1 миллиарду 224 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли 2019 наздик ба 37 дарсад камтар мебошад . 

Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон низ нишон дод, ки наздик ба 70 дарсад аз хонаводаҳо аз ҳисоби даромади ирсолии коргарони муҳоҷир зиндагӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп