Март 28, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Бахшидани ҳазинаи хобгоҳи донишҷӯён дар Тоҷикистон
    Бахшидани ҳазинаи хобгоҳи донишҷӯён дар Тоҷикистон

Ҳахзинаи хобгоҳи донишҷӯён дар Тоҷикистон бахшида мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ,  раиси донишгоҳи давлатии тиҷории Тоҷикистон Қурбонзодаи Муҳаммадалии Раҳмат эълом кард: маблағи иҷораи донишҷӯёне, ки ҳазинаи хобгоҳи худро аз моҳи январ токунун пардохт накарданд бахшида мешавад. 

 

Тибқи гуфтаҳои мудирияти донишгоҳ, 292 донишҷӯ, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳ басар мебаранд дар шаш моҳи дувуми соли таҳсилии 2020 - 2021 яъне аз январ то июни соли ҷорӣ ҳазинаи хобгоҳро пардохт накарданд. 

Ӯ инчунин ба афзоиши ҳуқуқи коркунон ва асотиди донишгоҳ ҳам ишора кард ва гуфт: Ҳамакнун маоши мудирияти доншгоҳ 3440 сомонӣ, муаллимон 2953 сомонӣ, коркунони пуштибонӣ 1749 сомонӣ дар моҳ аст.

 Шоён зикр аст. ки аз аввали январи соли ҷорӣ ҳуқуқи коркунони донишгоҳҳо дар Тоҷикистони 5 дарсад афзоиш ёфт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп