Апрел 10, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи муҳоҷирони кории тоҷик дар системаи Вазорати меҳнати Русия ҳатмист
    Сабти номи муҳоҷирони кории тоҷик дар системаи Вазорати меҳнати Русия ҳатмист

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷӯёи кор дар ин кишвар, ки қасд доранд ба Русия сафар кунанд хост, ки бо асноди ҷаълӣ ва тақаллубӣ вориди Маскав нашаванд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар пайи оғози парвозҳои муназзами ҳафтагӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ва интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия бо парвозҳои чартерӣ аз ин афрод хоста шудааст, ки ба доми фиреби воситаҳо наяфтанд ва бо асноди тақаллубӣ сафар накунанд. 

Дар парвозҳои чартерӣ миёни Душанбе ва Маскав сабти номи коргарони муҳоҷири тоҷик дар сомонаи Вазорати кори Русия илзомист, ки ин мавзӯ сабаб шудааст афроди судҷӯ барои корҷӯёни тоҷикистонӣ асноди тақаллубӣ фароҳам кунанд.

Аз ин рӯ аз атбои тоҷикистонии ҷӯёи кор, ки қасд доранд ба Русия сафар кунанд хоста шудааст, ки қабл аз хариди билети ҳавопаймо бо муроҷиа ба идороти кор дар шаҳрҳоу ноҳияҳои Тоҷикистон дар сомонаи вазорати кори Русия сабти ном ва зимни ибрози итминон аз мамнуи вуруд набудани худ ба ин кишвар барои таҳияи асноду муаррифии нома иқдом кунанд. 
  
Бо оғози парвозҳои муназзами ҳафтагӣ миёни Душанбе ва Маскав ҳазорон нафар аз коргарони ҷӯёи кори тоҷик, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона натавонистанд ба Русия раванд талош мекунанд, ки худро ба ин кишвар бирасонанд, ки ин масъала мӯҷиби издиҳом дар дафтарҳои хадамоти ҳавоӣ шудааст .

 

Бештар бихонед:

Барчасп