Апрел 12, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Вақти дақиқи бекор кардани меъёри барқ ​​дар Тоҷикистон маълум нест
    Вақти дақиқи бекор кардани меъёри барқ ​​дар Тоҷикистон маълум нест

Сухангӯи ширкти давлатии Барқи тоҷик аз коҳиши соатҳои маҳдудияти барқ дар ин кишвар дар моҳи мубораки Рамазон хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс,  Нозир Ёдгорӣ гуфтааст, ки бо оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон аз рӯзи сешанбеи 13 апрел заминаи афзоиши интиқоли барқ дар саҳаргоҳон ва шомгоҳон фароҳам хоҳад шуд то мардум битавонанд ба роҳатӣ саҳарӣ бихӯранд ва ифтор кунанд. 

Аммо вай аз эъломи мизони дақиқи афзоиши соати интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон худдорӣ кард. 

 Ҳамчунин сухангӯи ширкати Барқи тоҷик таъкид кард, ки замони дақиқи лағви маҳдудияти барқ дар ин кишвар мушаххас нест ва бастагӣ ба афзоиши вуруди об ба сади нерӯгоҳи барқи обии Норак хоҳад дошт.

 

Лимити барқ дар бахши  хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта ва манотиқи рустоиро ҳам шомил шуд . 

Маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 23 шаб то 5 субҳ иҷроӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп