Апрел 19, 2021 09:15 Asia/Dushanbe

Дастаи Истиқлоли Душанбе дар бозии дувуми худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё ҳарифи узбекистониро шикаст дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  бомдоди рӯзи душанбе дастаи Истиқлоли Тоҷикистон дар чорчуби рақобатҳои ҳафтаи дувуми Лигаи қаҳрамонони Осиё- 2021  , дастаи AGMK-и Узбекистонро шикаст дод ва ҷойгоҳи дувуми гурӯҳи A-и ин мусобиқотро аз он худ кард .

    Барои дастаи Истиқлоли Тоҷикистон Манӯчеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 55 ва Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 80 голзанӣ карданд .    Дигар голи Истиқлоли Душанберо Хуан Дучик- бозикуни сербияии AGMK дар дақиқаи 46 вориди дарвозаи худӣ кард .

    Зафар Полвонов низ дар дақиқаҳои 57 ва 90 ҳар ду голи AGMK-ро ба самар расонд, аммо натавонист монеъ аз шикасти тимаш дар ин дидор шавад .

    Дакстаи футболи Истиқлоли Эрон низ бомдоди душанбе дар гурӯҳи C-и  Лигаи қаҳрамонони Осиё ба масофи тими Ашшуртаи Ироқ рафт ва бо натиҷаи 3 бар сифр ба пирӯзӣ расид .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп