Апрел 19, 2021 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳар сол шумори зиёдӣ аз ҷавонони тоҷик ба сабабҳои гуногун аз рафтан ба хизмати сарбозӣ худдорӣ мекунанд
    Ҳар сол шумори зиёдӣ аз ҷавонони тоҷик ба сабабҳои гуногун аз рафтан ба хизмати сарбозӣ худдорӣ мекунанд

Дастгоҳи раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба вазири дифо , додситони кул ва вазири корҳои дохила дастур додааст, ки шикоятҳо аз сарбозгирии иҷборӣ барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳро мавриди баррасӣ қарор диҳанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Раҷаби Мирзо- рӯзноманигору мубтакири дархости мамнӯъ шудани ҷазби иҷбории ҷавонон ба хизмати сарбозӣ гуфтааст, ки Дастгоҳи раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон пас аз дарёфти шикоятҳои фаровон ба генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифо, Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохила ва Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон  дастури баррасии ин мавзӯро додааст .

  Пештар Раҷаби Мирзо бо танзими паёме ба раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон барои поён додан ба сарбозгирии иҷборӣ, иқдом ба ҷамъоварии имзо аз мардум кард, ки бо истиқболи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ гардид .

    Вай таъкид карда буд, ки боздошту ҷалби иҷбории ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо ба хизмати сарбозӣ навъе одамрабоӣ мебошад, ки бояд бар асоси қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон бо гуноҳкорон бархурд шавад .

    Ба далелҳои мухталифе ҳамасола шумори  зиёде аз ҷавонони тоҷик, ки дорои шароити хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ мебошанд, аз рафтан ба қисмҳои низомӣ худдорӣ мекунанд .

 

 

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп