Апрел 19, 2021 18:31 Asia/Dushanbe
  • Номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврӣ ба парлумон роҳ ёфтанд
    Номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврӣ ба парлумон роҳ ёфтанд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Тоҷикистон эълом кард: Дар 4 ҳавзаи интихоботии ин кишвар барои мушаххас кардани 4 намояндаи ҷадиди маҷлиси қонунгузорӣ райъгирии дубора баргузор шуд ва намоняндагони ҷадид баргузида шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, интихоботи дубора барои мушаххас кардани 4 намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар ҳавзаҳои Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Деваштич рӯзи 18 апрел баргузор шуд. 
  

Тибқи овозҳое, ки дар ин чор ҳавза ҳисоб карда шуданд, номзадҳои Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон пирӯз шуданд.
  
Бар ин асос муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Файзуллоҳ Қосимӣ, Комрони Исмоилён аз ҳавзаи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳуснигул Одиназода аз ҳавзаи Вахш ва Мунаввар Абдусаломзода аз ҳавзаи Деваштич ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон роҳ ёфтаанд, ки ҳамагӣ аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд. 
  
Ин афрод дар маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷойгузини Зафар Исмоилзода, ки ба симмати раиси комитети иҷроии ҳизби халқӣ- демократӣ дар вилояти Суғд мансуб шуда, Ҳоким Холиқзода, ки   раёсати Банки миллии Тоҷикистонро бар ӯҳдаи гирифта, Бахтовар Сафарзода, ки ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар шӯрои  байнипорлумонии кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд мансуб шуда ва Баҳодур Икромзода, ки ба раёсати ноҳияи Шаҳристон расидааст, шуданд.

Барчасп