Апрел 28, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳама чиптаҳои муназзам ва чартерии парвозҳои Душанбе - Москва то 5 июни соли 2021 ба фурӯхта шудаанд
    Ҳама чиптаҳои муназзам ва чартерии парвозҳои Душанбе - Москва то 5 июни соли 2021 ба фурӯхта шудаанд

Чаҳор ширкати ҳавопаймоии Русия дар номае ба Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи коҳиши нархи чиптаҳои Душанбе ва Маскав хабар доданд, аммо мусофирон мегӯянд, ки то моҳи июн чипта нест.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ин чаҳор ширкати русӣ эълом кардаанд, ки бар асоси дархости Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон   нархи билетро дар масири Душанбе ва Маскав дар парвозҳои муназзам ва чартерӣ коҳиш додаанд. 

Акнун нархи билет дар ин масир барои ҳар мусофир аз 6 ҳазор то 8 ҳазору  500 сомонӣ таъин шудааст дар ҳоле ки пештар 10 то 15 ҳазор сомонӣ буд.

Бо ин ҳол аксари хоҳишмандони парвоз ба Русия, ки коргарони муҳоҷири тоҷик мебошанд мегӯянд, ки то 5 июни 2021 дар парвозҳои муназзам ва чартерӣ тамоми  билетҳо фурӯхта шудааст ва агар ҳам касе мехоҳад  билет таҳия кунад бояд аз ин торих ба баъд дархост диҳад. 

Дар ҳоли ҳозир ҳар ҳафта тавассути чаҳор ширкати русӣ ва ширкати Сомон  Эйри Тоҷикистони 20 парвози чартерӣ ва ду парвози муназзам  миёни Русия ва Тоҷикистон анҷом мешавад, ки то авоили моҳи июн  тамомии билетҳо пешфурӯш шудаанд.а

 

Бештар бихонед:

Барчасп