Апрел 29, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқаи футболи тимҳои Истиқлоли Тоҷикистону Олмалиқи Узбакистон

Дар идомаи мусобиқоти футболи Лигаи қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё, Истиқлоли Тоҷикистон ба масофи Олмалиқи Узбакистон меравад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон ин дидор дар гурӯҳи A пагоҳ 30 апрел баргузор мешавад .

  Тими футболи Истиқлоли шаҳри Душанбеи Тоҷикистон пеш аз ин дар марҳалаи панҷуми рақобатҳо тавонист тими футболи Шабоб  Алаҳлии Аморотро бо натиҷаи 1 бар 0  аз пеши рӯ бардорад .

Манучеҳр Ҷалилов танҳо голи тими Истиқлоли шаҳри Душанберо дар ин бозӣ ба самар расонд .

  Тими Истиқлол бо 5 бозӣ ва касби 10 имтиёз дар садри тимҳои гурӯҳи  A қарор дорад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп