Апрел 30, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Нусратуллоҳ Маҳмудзода ва Николай Патрушев дар Душанбе мулоқот карданд
    Нусратуллоҳ Маҳмудзода ва Николай Патрушев дар Душанбе мулоқот карданд

Дабирони Шӯрои Амнияти Тоҷикистон ва Русия дар дидоре барномаҳои ҳамкории ду кишвар дар заминаи амниятро барои солҳои 2021- 2022 баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Нусратуллоҳ Маҳмудзода бо Котиби Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев мулоқот карда, густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ ва афзоиши ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқро баррасӣ кард.

Дар ҷараёни мулоқот онҳо нақшаи муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки нерӯҳо ва абзорҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Барномаи машваратии сиёсати хориҷӣ, дифоъ ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022-ро муҳокима карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп