Май 05, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Бобохонов: мақомоти давлатӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ фирор мекунанд
    Бобохонов: мақомоти давлатӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ фирор мекунанд

​​​​​​​Мудири масъули сомонаи Азия Плюс аз ин ки дар рӯзи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳеч мақому ниҳоди давлатӣ дар ин кишвар ҳозир ба ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ нашуд, интиқод кард.

Умед Бобохонов дар мизигирди баррасии вазъи матбуоти озод дар Тоҷикистон, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод ва ба ибтикори дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе баргузор шуд, аз ҳамкори накардани мақомот ва ниҳодҳои давлатӣ бо хабарнигорон дар ин буҳрон интиқод кард.

Бобохонов афзуд, мо барои дарёфти ахбор аз минтақаи даргирӣ маҷбӯр шудем бо тамомии масъулони кишварӣ ва маҳаллӣ тамос барқарор кунем, аммо дар бештари мавридҳо ин афрод аз додани иттилоот худдорӣ карданд.

Вай изофа кард, интишори ахбори ин даргирӣ барои сомонаи Азия Плюс ба се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 100 хабаргузорӣ ва расонаҳои хабарии хориҷӣ низ ба гузоришҳои он истинод мекунанд, заҳамоти зиёде барои мо дошт.

Бобохонов бо ишора ба инки гуфта мешавад, Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ бо Қирғизистон дар ин буҳрони шикаст хӯрдааст, изҳор кард, вақте чанд сол аст, ки яке аз пурбоздидтарин хабаргузориҳо дар дохили Тоҷикистон баста аст ва мақомот аз ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ фирор мекунанд, оё метавонем аз пирӯзӣ дар ҷанги иттилоотӣ ҳарф бизанем?

Бобохонов ёдовар шуд, ки пеш аз ин низ борҳо иттифоқ афтодааст, ки дар шароити буҳронӣ, ҳукумат бо расонаҳои хабарии мустақил ҳамкорӣ намекунад ва ин рӯйкард ба зиёни кишвар тамом ва сабаб мешавад, мардум ба ҷои воқеъиёт ба дунболи овозаҳо бираванд ва таҳти таъсири ахбор ва гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ қарор гмранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп