Май 06, 2021 23:46 Asia/Dushanbe
  • дар ин ҷаласа илова бар коршиносон,аҳли қалами расонаҳо ва матбуот, ҳамоҳангкунандаи Созмони Миллал дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт
    дар ин ҷаласа илова бар коршиносон,аҳли қалами расонаҳо ва матбуот, ҳамоҳангкунандаи Созмони Миллал дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, аҳли расонаии Тоҷикистон нишасти тахассусӣ баргузор карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Азия-Плюс дар ин ҷаласа илова бар коршиносон,аҳли қалами расонаҳо ва матбуот, ҳамоҳангкунандаи Созмони Миллал дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт .

Дар ин ҷаласа ширкаткунандагон дастрасии озоду мутмаин ба иттилооти муътабарро як имтиёз барои расонаҳо донистанд .

  Саидмурод Фаттоҳзода-раиси кумитаи умӯри байналмиллалии  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст бар аҳамияти ҳамкорӣ бо расонаҳо таъкид кард ва хостори дастрасии беҳтари аҳли расонаҳо ба иттилооти дуруст ва дақиқу мувассақ барои огоҳии мардум шуд .

Сизин Синон уғлу -ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони Миллал дар Тоҷикистони ҳам дар ин ҷаласа гуфт : Бо рақамӣ шудани иттилоот дар қарни 21 дастрасии комилу эмини расонаҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои афзоиши дониши ҷамъӣ ва рифоҳи муштарак зарурӣ аст .

Ӯ афзуд : Густариши коронаи аҳамияти дастёбӣ ба иттилооти муътабар барои наҷоти ҷони инсонҳоро нишон дод .

Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа дар мавриди ҳуқуқи башар, дастрасӣ ба иттилоот, мушкилоти рӯзноманигорон ва фаъолони расонаҳову шеваҳои касби ахбори муътабар  табодули назар карданд .

Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 1993 дар 48-мин иҷлоси худ 3-майро  Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот эълом кард .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп