Май 07, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон барои задухӯрдҳои марзӣ маҷрӯҳшуда аз 10 то 20 000 сомонӣ ва ба оилаҳои қурбониён 70 000 сомонӣ пардохт мекунад
    Ҳукумати Тоҷикистон барои задухӯрдҳои марзӣ маҷрӯҳшуда аз 10 то 20 000 сомонӣ ва ба оилаҳои қурбониён 70 000 сомонӣ пардохт мекунад

Мақомоти вилояти Суғд барои афроде, ки дар даргирии марзии рӯзи 29 апрел бо Қирғизистон зағмӣ шудаанд 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ пардохт кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ин мизони кумаки молиро ба 87 нафар аз захмиёни даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳузур дар бемористони ноҳияи Исфара таҳвил додааст. 
  
Аҳмадзода пеш аз ин низ ба ҳамроҳи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон бо ҳузур дар ноҳияи Исфара ва дидор бо хонаводаҳои 19 нафар аз сокинону низомиёни кушташуда дар даргирии ахир ба ҳар хонавода 70 ҳазор сомонӣ кумаки давлати Тоҷикистонро эҳдо карда буд. 
  
Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълом карданд, ки бар асари даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел дар марз бо Қирғизистон 19 шаҳрванди тоҷик кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуданд. 

 Ҷониби Қирғизистон низ эълом кардааст, ки дар ин даргирӣ 200 шаҳрвандаш захмӣ ва 36 тани дигар кушта шуданд. 
  
Даргирии ахири марзӣ миёни сокинон ва марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша дар 20 соли гузашта байни ин ду кишвари ҳамсоя аст, ки натавонистаанд раванди аломатгузории марзи муштараки 976 километрии худро ниҳоӣ кунанд.

Бештар бихонед: 

Барчасп