Май 08, 2021 09:31 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии”- Русия эълом кард, ки ҳамаи мусофирони ҷомонда аз парвозро ба Русия фиристодааст
    Ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии”- Русия эълом кард, ки ҳамаи мусофирони ҷомонда аз парвозро ба Русия фиристодааст

Мудири дафтари намояндагии ширкати русии хати ҳавоии “Уралские авиалинии” дар Душанбе иллати мушкили билети мусофирони тоҷик дар масири Душанбе ба Маскавро тавзеҳ дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Умед Лолаев гуфтааст, ки иллати ин нобасомонии ихтилол дар фаъолияти компютерҳои ширкати “Уралские авиалинии” дар дафтари марказии он дар шаҳри Екатеринбурги Русия будааст.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи 19 мусофири ҷоймонда аз ин парвоз бо ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” дар парвозҳои баъдӣ ба Маскав мунтақил шудаанд.

Лолаев меафзояд: “Дар ҳоли ҳозир рӯзона 2 то 3 парвози ширкати “Уралские авиалинии” ба шаҳрҳои Русия анҷом мешавад. Чунон, ки аз Хуҷанд ба 12 шаҳри Русия, аз Душанбе ба 9 шаҳр ва аз Кулоб ба 9 шаҳри Русия мусофирон мунтақил мешаванд”.

Мудири дафтари намояндагии “Уралские авиалинии” дар Душанбе ҳамчунин гуфтааст, танҳо дар моҳи Апрели гузашта ин ширкат 14 ҳазор нафарро аз Тоҷикистон ба Русия мунтақил кард.

Ба гуфтаи Лолаев, нархи билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир аз 4 ҳазор сомонӣ то 8 ҳазору 500 сомонӣ мебошад дар ҳоле, ки қаблан 11 то 14 ҳазор сомонӣ буд.

Бахши умдаи мусофирон низ коргарони муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки талош мекунанд, ҳартавр шуда худро ба Русия расонанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп