Май 08, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • Мизони бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 68 миллиону 300 ҳазорсомонӣ афзоиш ёфт
    Мизони бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон 68 миллиону 300 ҳазорсомонӣ афзоиш ёфт

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба дархости Вазорати молияи ин кишвар маблағи ҳақи узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ва бозпардохти қарзи хориҷӣ дар соли 2021-ро афзоиш дод.

Ба гузориши сомонаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ гуфтааст, ки далели ин тасмим коҳиши арзиши сомонӣ, воҳиди пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ аст.

Бар ин асос, мизони бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон барои соли 2021 ба мизони 68 миллиону 300 ҳазорсомонӣ афзоиш ёфт.

Ҳамчунин Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо афзоиши 8 миллиону 500 ҳазорсомонӣ ба ҳақи узвияти ин кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ мувофиқат кард.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси буҷети ҳукумати Тоҷикистон имсол як миллиард сомонӣ ба манзури бозпардохти қарзи  хориҷӣ ва 861 миллионсомонӣ бо ҳадафи бозпардохти суди ин вомҳо дар назар гирифта шуда буд.

Маҷмӯи қарзи хориҷии Тоҷикистон дар авоили соли 2021 ба 3 миллиарду 96 миллиону 100 ҳазордоллар расидааст, ки як миллиарду 200 миллиондоллари он вомҳои Бонки содирот ва воридоти Чин аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп