Май 10, 2021 08:43 Asia/Dushanbe
  • Амрико қарор аст, сентябри 2021 нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад
    Амрико қарор аст, сентябри 2021 нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад

Рӯзномаи Вол Стрит Журнал навишт, Иёлоти Муттаҳида тарҷеҳ медиҳад, пас аз хориҷ шудан аз Афғонистон, нерӯҳо ва таҷҳизотро ба Узбакистон ё Тоҷикистон мунтақил кунад.

Рӯзномаи Вол Стрит Журнал бомдоди душанбе ҳамчунин ба нақл аз манобеи огоҳ навишт: “Албатта ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барномаҳоро барои ҳаргуна истиқрори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ печида мекунад”.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистони ҳафтаи гузашта ба ду кишвари Тоҷикистону Узбакистон сафар кард.

Тоҷикистон узви комил дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба раҳбарии Русия аст ва Узбакистон агарчи узвияти худро дар ин иттиҳод дар соли 2012 ба ҳолати таълиқ даровард, бо ин вуҷуд ҳамчунон равобити иқтисодӣ ва амниятии қавӣ бо Маскав дорад.

Тибқи тавофуқномаи сулҳи миёни Толибону Амрико, давлати Иёлоти Муттаҳида мутааҳҳид шуд, то аввали моҳи май тамоми нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо давлати Байден замони хуруҷи тамоми нерӯҳои Амрикоиро то 11 сентябр ба таъхир андохт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп