Май 17, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ дар бораи таъсиси ин системаи дифоъи зиддиҳавоӣ рӯзи 27 апрел сурат гирифт
    Тавофуқ дар бораи таъсиси ин системаи дифоъи зиддиҳавоӣ рӯзи 27 апрел сурат гирифт

Раиси Ҷумҳурии Русия ба вазири дифои ин кишвар дастур дод, ки тавофуқномаи таъсиси системаи воҳиди дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷро кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи русии РИА Новости, Владимир Путин ба  Сергей Шайгу дастур додааст, ки заминаи иҷрои ин тарҳро фароҳам кунад. 

 Ҳадаф аз ин иқдоми афзоиши тавони муқобила бо таҳаррукоти душмани фарзӣ барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва дифо аз марзҳои ҳавоии ин кишвар эълом шудааст. 

Ба далели фосилаи зиёд миёни Тоҷикистон ва Русия тасмим гирифта шудааст, ки системаи дифои ҳавоии муштарак  миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи марказӣ ва кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд фаъол шавад. 

Системаи нав бо фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия генерал Сергей Суравикин ҳамоҳанг карда мешавад.

Тавофуқ бар сари таъсиси ин сомонаи дифои ҳавоии 27 апрел дар сафари генерал   вазири дифои Русия Сергей Шайгу ба Душанбе сурат гирифт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп