Август 06, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани халабон ва захмӣ шудани 4 нафар дар Ванҷ бар асари суқути чархбол

Бар асари суқути Чархбол дар ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон явҳор нафар захмӣ ва халабони чархбол кушта шуд.

Ба гузориши “Спутник”, чархболи Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, ки барои наҷоти сайёҳони рус ба ноҳияи Ванҷ парвоз мекард, дар кӯҳҳои Тоҷикистон суқут кард.

Дар пайи ин ҳодисаи нохуш халабон кушта шуда 4 нафари дигар захмӣ гардиданд.

Бар асоси хабари манбаъ, чархбол барои наҷоти ҳафт сайёҳ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон омада буданд, парвоз кардааст.

Тамос бо гардишгарон, ҳангоми баромадан ба пирях дар ҳудуди дараи Поймазори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ шудааст.

Манбаъ мегӯяд: Рӯзи 28 июл дар баландии беш аз 6 ҳазор метр яке аз сайёҳон зери тарма монд, дигарон аз ин фоҷиа хабар доданд ва пас аз чанде бо онҳо ҳам тамос қатъ шуд. Созмондиҳандагони сайёҳат аз Маскав, аз Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ кумак хостанд.

Ҳамин тавр, субҳи 4 август чархбол ба ҷустуҷӯи ҷаҳонгардон парвоз ва ҳангоми нишастан суқут кард.

Бар асари суқути чархбол халабон ҷон бохт ва чаҳор мусофир маҷруҳ шуданд.

Феълан наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса рафта, ба захмиён кумак мекунанд ва онҳоро ба ҷои амн интиқол медиҳанд.

Ҳамзамон ҷустуҷӯи сайёҳони нопадидшудаи Русия низ идома дорад.

 

Барчасп