Август 29, 2021 21:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгиршавии паноҳандагони афғон дар фурудгоҳи Кӯлоб

Садҳо паноҳандагони афғон дар фурудгоҳи Кӯлоб маскан гирифтанд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи хабари Осиёи Марказӣ, дар фурудгоҳи Кӯлоб тақрибан ҳазор паноҳандаи афғон ҷойгир карда шуданд.

Ин паноҳҷӯён интизори гирифтани раводид барои сафар ба кишварҳои гуногунанд.

Мақомот то ҳол дар бораи вуруди паноҳандагон аз Афғонистон изҳори назар накардаанд, аммо манобеи хабарии ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ду ҳафтаи охир тақрибан 2 ҳазор нафар аз Кобул ба Кӯлоб кӯчонида шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ инчунин дар ду ҳафтаи охир парвозҳои номунтазамро дар осмон дидаанд.

Пас аз ишғоли Толибон ба Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбӣ эълом доштанд, ки мардуми мулкиро, ки бо онҳо кор мекарданд, аз Афғонистон ихроҷ хоҳанд кард.

Дар ду ҳафтаи охир беш аз 114 000 нафар аз Афғонистон фирор кардаанд ва Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки шумораи умумии паноҳандагон аз Афғонистон аз ним миллион бештар хоҳад шуд.

Қаблан кишварҳои ғарбӣ аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда буданд, ки шуморе аз паноҳандагони афғонро дар маконҳои мухталиф ҷойгир кунанд.

Тоҷикистон низ бархе аз ин паноҳандагонро дар фурудгоҳи Кӯлоб ҷойгир кардааст.

 Об, ғизо ва дору барои гурезаҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ таъмин карда мешавад.

Барчасп