Октябр 04, 2021 23:12 Asia/Dushanbe
  • Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай гӯшаи намоишии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ки аз Шарқ иқтибос оварда шудааст،Қитъаи намоишии Тоҷикистон дар «ЭКСПО 2020» дар асоси  ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар зермавзӯи «Рушди устувор» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил шудааст.

Дар ҷараёни маросими расмии ифтитоҳи гӯшаи намоишии Тоҷикистон зикр гардид, ки иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» барои муаррифии дастовардҳои иктисодӣ, имконияти содиротӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар умум кишварҳои Арабӣ ва инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ имкони хуб мебошад. Андре Дорадо- намояндаи мудирияти «ЭКСПО 2020» ба гӯшаи намоишии Тоҷикистон барои ташкили қитъаи зебо ва услуби ғайриодиву диққатҷалбкунандаи муаррифии имконияти Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2020» 30 сентябр дар маҷмааи «Алвасл» ташкил шуда, муддати 6 моҳ -аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри  Дубайи  Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.

Барчасп