Октябр 14, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • Раиси КДАМТ: Вазъияти Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои ИДМ аст

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад.

Ба гузориши "Sputnik", раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки баро тамоми фазои пасошӯравӣ як таҳдиди амниятӣ аст.

Вай ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17-умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.

"Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, ин вазъ барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, як таҳдид аст".

Ба гуфтаи Ятимов, "талошҳои мушаххас"-е вуҷуд дорад, ки террористон аз дини Ислом барои ноором кардани вазъи минтақа истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маскав ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон баргузор шуд.

Барчасп