Ноябр 19, 2016 11:06 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 444 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб мекунад

Вазорати молияи Тоҷикистон аз тасмими ин кишвар барои ҷалби 444 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба манзури иҷрои тарҳҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва омӯзишӣ хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорат молияи Тоҷикистон, ин мизон сармояи хориҷӣ дар соли 2017 бо ҳамоҳангии ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба сурати бебозгашт ҷалб хоҳад шуд.  Ҳамакнун 58 тарҳ, ки 167 миллион доллар арзиш доранд, аз ҳисоби кӯмакҳои молии хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро мебошанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Осиё, "Эскимбонк"-и Чин, Бонки рушд ва бозсозии Аврупо ва ниҳодҳои молии бархе аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз умдатарин сармоягузорони хориҷӣ дар тарҳҳои зерсохтории ин кишвар ҳастанд. Аммо дар ин миён бештарин саҳми додани қарзи молӣ ба Тоҷикистон марбут ба "Эскимбонк"-и Чин ва Бонки рушди Осиё аст.

Вазири молияи Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки қарзҳои хориҷии ин кишвар ба болотарин рақам, ду миллиарду 276 миллион доллар расида, ки баробар бо 35.9 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин ҷумҳурӣ аст.

 

Барчасп