Июн 23, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Тоҷикистон дар нимаи аввали август ба 10 миллион нафар мерасад

Ожонси давлатии омори Тоҷикстон пешбинӣ кард,ки ҷамъият(аҳоли)и кишвар дар нимаи нахусти августи соли ҷорӣ ба 10 миллион нафар хоҳад расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ҷамъияти кишвар бо афзоиши 43 ҳазору 500 нафарӣ ба 9 миллиону 934 ҳазор нафар расид, ки интизор меравад дар нимаи нахусти моҳи августи соли ҷорӣ ба 10 миллион нафар бирасад .
Бонки ҷаҳонӣ низ эълом кардааст, ки ҷамъияти Тоҷикистон таи 30 соли ахир аз 5 миллион нафар дар соли 1991 дар остонаи расидан ба 10 миллион нафар қарор дорад .
Бар асоси омор бештарин издиҳоми ҷамъият дар минтақаи Хатлон бо 3 миллиону 345 ҳазор нафар эълом шуд.
Ҳамчунин пешбинӣ шуда ҷамъияти минтақаи Суғд то нимаи тобистони соли ҷорӣ ба 2 миллиону 753 ҳазор нафар, шаҳри Душанбе 880 ҳазор нафар,навоҳии тобеъи Ҷумҳурӣ  2 милиону 215 ҳазор нафар ва Бадахшон ба ҳудуди 232 ҳазор нафар хоҳад расид.
Рушди солонаи 2.5 дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон яке аз болотарин шохисҳо дар миёни кишварҳои ИДМ аст.

 

Барчасп