Сентябр 22, 2022 17:15 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди идомаи нақзи ҳарими ҳавоӣ Тоҷикистон тавассути Қирғизистон
    Баёнияи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди идомаи нақзи ҳарими ҳавоӣ Тоҷикистон тавассути Қирғизистон

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки иқдомоти зиёди нақзи ҳарими ҳавоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои бедунисарнишин аз хоки Қирғизистон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховард, Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард: Дар таърихи 21 сентябр аз соати 19:14 то 22:46 парвози паҳподҳои қирғизистонӣ бар фарози шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Деваштич, Ҷабор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида шуд.

Паҳподҳои қирғизистонӣ ҳамчунин дар истгоҳҳои марзии Росровут, Муряки ва Нурободи Тоҷикистон мушоҳида шуданд.

Дар идомаи баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид шуда аст, ки мо ингуна иқдомоти таҳрикомез аз тарафи Қирғизистонро нақзи ошкори ҳамаи тавофуқот ва таҳоҷум ба хоки кишвари мустақил медонем.

Тоҷикистон хостори он аст, ки Қирғизистон фавран нақзи ҳарими ҳавоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутавақиф кунад.

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда аст, ки дар ғайри ин сурат тарафи Тоҷикистон шароитро омодасози барои таҷовузи баъдии Қирғизистон унвон мекунад, ки масъулияти он бо тарафи Қирғизистон хоҳад буд.