Август 22, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Таниши ҷадид дар равобити Амрико ва Русия

Иқдоми Амрико дар таваққуфи судури раводид барои шаҳрвандони Русия, танишҳои дипломатӣ дар равобити ду кишварро ташдид кард.

Сафорати Амрико дар Русия дар баёнияе эълом кард: Фароянди судури раводиди ғайримуҳоҷиратӣ дар саросари ин кишвар аз 23 август ба ҳоли таълиқ дар хоҳад омад .

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия низ дар вокуниш ба иқдоми Амрико дар таълиқи судури раводиди ин кишвар барои русҳо гуфт: Тасмими Амрико барои коҳиши доманаи хадамоти судури раводид дар Русия, дар чорчуби талош барои ташдиди норизоятӣ аз ин кишвар будааст .

Лавров афзуд: Маскав раванди дарёфти раводиди Русия барои амрикоиҳоро печида нахоҳад кард .

Бо ин ҳол, Андрей Климов, узви аршади парлумони Русия ҳушдор дод: Маскав ба иқдоми Амрико дар коҳиши доманаи хадамоти судури раводид дар Русия посух хоҳад дод.

Вашингтон ахиран таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия эъмол кард ва Маскав дар вокуниш ба он, барои мақомҳои амрикоӣ зарбулаҷал таъин кард, ки коркунони дипломатии кишварашонро дар Русия ба 455 нафар коҳиш диҳанд .

 

Барчасп