Ноябр 11, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Вазири роҳи Афғонистон: Талоши се кишвари Эрон, Афғонистон ва Ҳинд дар Чобаҳор ба бор нишаст

Вазири роҳ ва таробарии Афғонистон аз кушоиши бандари Чобаҳор (ҷанубу шарқи Эрон) ва расидани аввалин маҳмулаи гандуми эҳдоии Ҳинд аз ин масир ба кишвараш, ибрози хурсандӣ кард.

Муҳаммад Таҳмосӣ рӯзи шанбе дар оини вижаи вуруди аввалин маҳмулаи гандуми эҳдоии Ҳинд аз масири Чобаҳори Эрон ба Афғонистон дар шаҳр Заранҷ маркази устони Нимрӯз, гуфт, имрӯз барои мардуми Афғонистон рӯзи муҳим ва таърихӣ аст.

Таҳмосӣ бо баёни ин, ки Чобаҳор аз назари иқтисодӣ ва сиёсӣ барои Афғонистон аҳамияти вежае дорад, тасреҳ кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз тариқи Афғонистон ба интиқоли колои худ вусъат бибахшанд ва миллиардҳо доллар барои худ манфиат касб кунанд.

Ба гуфтаи вай, бахши муҳимми ин дастовард, кумак ба тавсеаи зербиноӣ аст, ки бо такмили фаъолияти ин бандар, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар тавсеаи зербиноҳои Афғонистон ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки боиси рушди иқтисодии минтақа хоҳад шуд.

Насираҳмад Дурронӣ, вазири кишоварзӣ ва домдории Афғонистон низ гуфт, талошҳои давлати Ваҳдати миллии Афғонистон бо сарони кишварҳои Ҳинд ва Эрон басамар нишаст ва имрӯз аввалин маҳмулаи кумакҳои эҳдоии Ҳинд аз тариқи Чобаҳор вориди Афғонистон шуд.

Бандари Чобаҳор аз нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, яке аз қутбҳои муҳимми минтақа аст. Пеш аз ин Афғонистон танҳо аз тариқи Бандар Аббос ва Карочӣ ба обҳои озод васл буд.

 

Барчасп