Сентябр 07, 2019 13:05 Asia/Dushanbe

Дар видиои нодир, як зани 74 сола дар Ҳинд пас аз 54 сол бефарзандӣ, дугоник тавалуд кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; зан аз тариқи равиши дармони нозоии (IVF ) Ой Ви Еф дугоник бордор шуд ва тавалуд кард. Фарзандони вай духтар ҳастанд.

Ин зани ҳиндӣ,ки  Яморотии Монгоёмо (YERRAMATTI MANGAYAMMA ном дорад дар Иёлоти Ондро Прадеш дар ҷануби Ҳинд зиндагӣ мекунад.

Яке аз пизишкони ин зан гуфт; Ӯ дар нахустин талоши худ ба ин равиш бордор шуд,ки ин воқеан мояи тааҷуб ва шигифтӣ аст.

Модари ин зан ҳам гуфт; ман бисёр хушҳол ҳастам зеро духтари ман саранҷом модар шуд. Мо аз фарзандони вай муроқибат мекунем ва ҳеҷ мушкиле надорем зеро афроде ҳастанд,ки аз мо ҳимоят мекунанд.

Вай афзуд; ман 8 моҳ аст,ки инҷо ҳастам. Ман барои Ӯ ошпазӣ кардаам. Ӯ бордор буд ва ба режими ғазоии хоси худ ниёз дошт. Ман мехостам,ки модарбузург шавам ва ҳамакнун ду набера дорам ва бисёр хушҳолам.

Барчасп

Назарҳо