Сентябр 17, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: 600 ҳазор мусулмони Рӯҳингё дар Миянмор дар маърази «наслкушӣ» қарор доранд

Бозраси Созмони Миллал ҳушдор дод,ки беш аз 600 ҳазор нафар аз мусулмонони рӯҳингёӣ, ки ҳамчунон дар Миянма ба сар мебаранд, дар маърази хатари ҷиддии наслкушӣ қарор доранд.

Ин мақоми Созмони Миллал ҳамчунин ҳушдор дод, ки бозгашти як миллион нафар аз мусулмони «Рӯҳингё» , ки дар натиҷаи иқдомоти хушунатбори артиши Миянмор овора шудаанд, «ғайримумкин» аст.

 Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал, кумитаи ҳақиқатёберо барои баррасии ҷиноёти соли 2017 артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони рӯҳингёӣ ташкил дод, ки ин кумита  ҷиноёти артиши Миёнморро наслкушӣ хонд ва хостори пайгарди қонунии генералҳои аршади Миянмор шуд.

 Бо ин ҳол, тими ҳақиқатёби Созмон Миллал дар гузориши ҷадиди худ таъкид кардааст, ки ҳамчунон 600 ҳазор мусулмон рӯҳингёӣ дар устони «Рохина»-и Миянмор ҳастанд, ки дар вазъияти асафнок ва нохушоянде ба сар мебаранд.

 Бозраси Созмони Миллал идома медиҳад, ки Миянмор ҳамчунон «иштибоҳоти  худро инкор мекунад ва дар ҳоли аз байн бурдани нишонаҳо  аст ва ҳозир ба анҷоми таҳқиқоти муассир нест».

Тибқи гузориши созмони тавсеаи байналмилали Инторио аз 25 августи 2017, наздик ба 24 ҳазор мусулмони рӯҳингиёӣ тавассути нируҳои давлатии Миянмор кушта шуда, беш аз 34 ҳазор нафар бо оташ сӯхта шуда ва беш аз 114 ҳазор нафари дигар низ мавриди зарбу лат қарор гирифтанд.

 Артиши Миянмор дар бораи саркуби ақаллияти рӯҳингёӣ  муддаии амалиёти «поксози»и ин манотиқ аз «унсурҳои ифротӣ» будааст. Артиши Миёнмор дар соли 2012 низ ҳудуди 200 мусулмони рӯҳингёиро дар Рохин кушт ва 140 ҳазор нафарро низ овора кард.

 

Назарҳо