Сентябр 18, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Қудратнамоии Маскав дар баробари Ғарб

Робитаҳои Русия ва Ғарб дар солҳои ахир ба вежа пас аз буҳрони Украина дар соли 2014, бо афзоиши танишҳо ҳамроҳ будааст.

Ташдиди ҳузури низомии НАТО дар марзҳои ғарбии Русия, Москваро ба иқдомоти мутақобил аз ҷумла афзоиши омодагии низомии Русия во доштааст.

Дар ин росто Русия рӯзи душанбе 16 сентябр размоиши низомии бузурги солонаи худро бо сафарбарии 128 ҳазор нируи низомӣ бо пешфарзи муқобила бо як “ҳамлаи террористӣ” дар маркази ин кишвар оғоз кард. Масъалаи муҳим ҳузури қобили таваҷҷуҳи низомёни чинӣ дар ин размоиш аст, ки нишондиҳандаи равобити наздики Маскав ва Пекин ва ҳамгомии онҳо дар заминаи муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ аст.

 Тибқи баёнияи вазорати дифоъи Русия, дар размоиши "Сентер-2019" tsentr-2019, ки дар минтақаи Оренбург, дар наздикии марзи Қазоқистон баргузор мешавад, беш аз 20 ҳазор худрави низомӣ, 600 ҳавопаймо ва чархбол ва 15 киштӣ ҳузур доранд. Илова бар низомёни русӣ, низомёне аз Чин, Ҳинд, Покистон ва чанд кишвари Осиёи марказӣ дар ин размоиш ширкат мекунанд. Ҳамчунин ҳудуди 20 ҳавопаймо ва чархболи чинӣ дар ин тамрини низомӣ ҳузур хоҳанд дошт. Сенарияи ин размоиш муқобила бо кишваре аст, ки моҳияти террористӣ дорад ва бо Русия вориди ҷанг шудааст.

 Русия ҳамасола дар моҳи сентябр иқдом ба баргузории размоиши низомӣ мекунад. Дар ҷараёни размоиши соли гузашта, ки дар минтақаи Сибири шарқӣ ва Ховари дури Русия баргузор шуд, 300 ҳазор ниру ширкат карданд.

 Ба далели инки Амрико дар санадҳои асосии худ монанди стратегияи амнияти миллӣ, ба Русия ва Чин ба унвони қудратҳои таҷдидиназарталаб ишора карда ва хоҳони муқобила бо афзоиши нуфуз ва қудрати ин ду кишвар шуда, аз ин ру мушорикати чиниҳо дар размоишҳои русҳо аз ҷумла размоиши кунуниро метавон ба манзалаи посухи ягонаи Русия ва Чин ба таҳдидҳои рӯзафзӯни Вашингтон дар қолаби НАТО ва низ тақвияти ҳузури низомии Амрико дар наздикии марзҳои ғарби Русия арзёбӣ кард. Ба рағми талоши ғарбиҳо барои эҷоди ихтилоф байни Русия ва Чин, аммо мақомоти баландпояи рус ҳамвора бар аҳамият ва сатҳи ин равобит таъкид доштаанд. Ба гуфтаи Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия: Равобит байни Маскав ва Пекин ба қадре наздик аст, ки кишварҳои дигар наметавонанд байни ин ду халал ва шикоф ворид кунанд.

Ҳамкориҳои низомии Чин ва Русия ҳамвора бахши муҳимме аз равобити рӯ ба густариши ин ду кишварро ташкил дода ва рушди рӯзафзӯне доштааст. Дар айни ҳол иқдомоти таҳрикомези давлати Трамп монанди хурӯҷ аз Паймони нируҳои ҳастаии миёнбурд  ва талош барои истиқрори мушакҳои нав дар шарқи Осиё ва ғарби Уқёнуси ором мӯҷиби вокуниши ҳамоҳанги Русия ва Чин шуда ва ин ду кишварро ба самти ишғоли мавзеъи ягона дар баробари таҳаррукоти низомӣ ва таслиҳотии Вашингтон тела додааст. Ба назар мерасад иқдомоти Амрико чӣ дар қолаби НАТО дар шарқи Аврупо ва чӣ дар ҳамроҳӣ бо муттаҳидони минтақаии худ дар шарқи Осиё, боиси наздикӣ ва ҳамгароии бештари Русия ва Чин ба вежа дар заминаи масоили дифоъӣ ва низомӣ хоҳад шуд ва мумкин аст онҳоро ба самти як иттиҳоди низомии стратегӣ алайҳи Амрико ҳидоят кунад. Ба гуфтаи Енҷа Мануэл-коршиноси амрикоии масоили сиёсӣ: Чин ва Русия монанди ду қитъаи як нақша ҳастанд, ки ҳар як аз паҳлуе пешрафт карда ва метавонад дигареро такмил кунад. Дар ҳоле, ки аз назари пристежи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом кам надоранд; Русия аз иқтисоди пешрафта ва сарватманди Чин баҳра мегирад ва Чин аз силоҳҳои гуногун ва пешрафтаи русӣ.

  Русия бо таваҷҷуҳ ба фишори физояндаи Ғарб бар он аст, то бо ҳамроҳии Чин монеъ аз афзоиши қудрати низомӣ ва ҳузури ҳар чӣ бештари Амрико дар минтақаи ҳассос ва пураҳамияти Осиё-уқёнуси Ором шавад. Чин низ талош мекунад то аз тариқи афзоиши робитаҳои низомӣ ва амниятӣ бо Русия дар чорчуби баргузории размоишҳо, ҳамроҳии Маскав барои муқобила бо иқдомоти Амрико дар Осиёи шарқӣ ва ҳамчунин муқобила бо таҳдидҳои муштарак бавежа муқобила бо гурӯҳҳои террористиро ба даст оварад.

 

Барчасп

Назарҳо