Октябр 20, 2019 15:20 Asia/Dushanbe
  • Аввалин навзоди фазоӣ то 12 соли дигар ба дунё меояд

Эгбер Аделброк мудир ва бунёнгузори ширкати "SpaceBorn United" ба тозагӣ эълом карда, ки ширкати ӯ дар ҳоли тарроҳии маъмуриятҳое аст, ки дар он занони бордор метавонанд дар мадори замин фарзанди худро ба дунё биёваранд.

Ба нақл аз ИСНО, доктор Эгбер Аделброк дар як конгираи фазоӣ ва илмӣ дар Олмон афзуд, ҳадафи ин маъмурият ин нест, ки кулли 9 моҳи бордорӣ дар фазо сипарӣ шавад, балки дар паи он ҳастем, ки амалиёти 24 то 36 соатае барои зоймони навзод анҷом шавад.

Бунёнгузори ин ширкат муддаъӣ шудааст, ки ин иқдом метавонад то 12 соли оянда имконпазир шавад.

Ширкати "SpaceBorn United"  дар заминаи шароити тавлиди мисли инсон дар фазо фаолият мекунад ва руи технологиҳои марбут ба ин ҳавза тамаркуз дорад.

Эгбер Аделброк ҳамчунин гуфта, ки таваллуди навзод дар фазо феълан танҳо дар мадори наздики замин (LEO) яъне то иртифои ду ҳазор километрӣ аз сатҳи замин имконпазир аст.

Вай афзуд, модароне, ки дар ин тарҳ ширкат мекунанд бояд пеш аз ин ду зоймони бе айбу нақсро таҷриба карда бошанд ва ба ашаъаҳои табиӣ муқовим бошанд.

Эгбер Аделброк таъкид кард, ки раванди зоймон дар фазо монанди фарояндест, ки дар замин иттифоқ меафтад.

Бар асоси мутолиае, ки НАСА дар соли 1997 анҷом додааст мушҳо тавонистанд бо муваффақият дар фазо зоймон кунанд вале инқибозоти онҳо ҳангоми дарди зоймон ду баробари мушҳои озмоишшуда дар замин буд.

 

Барчасп

Назарҳо