Октябр 21, 2019 22:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои кумакҳои хайрияи масҷиди Англия ба як бемористон

Аъзои ҳайати уманои масҷиде дар шаҳри Петербуру, дар шарқи Англия бо ҷамъоварии маблағи 3740 пунд ба унвони кумакҳои хайрия, онро ба бемористоне дар ин шаҳр эҳдо карданд.

Ба гузориши ИКНА, Нозим Хон, раиси ҳайати уманои масҷиди “Ғусия” чеке ба маблағи 3740 пундро ба масъули ҷамъоварии кумакҳои хайрхоҳона барои бемористони “Су Ройдер” дар шаҳри Петербуруи Англия таҳвил дод.

Ансор Алӣ, яке аз аъзои ҳайати уманои масҷид дар ин замина гуфт, ҷамъоварии кумакҳои хайрия яке аз фаъолиятҳои маъмулии ин масҷид аст, ки ҳамаи мо ба он ифтихор мекунем.

Дар соли 2017 мусулмонони масоҷиди мухталифи шаҳри Престон, дар шимоли ғарби Англия 61500 пунд ба Бунёди саратони “Рузмер” кумак карданд. Ҳамчунин дар моҳи ноябри ҳамон сол гурӯҳе аз донишомӯзони мусулмон яке аз мадориси ибтидоии шаҳри Блокберни Англия асбоббозиҳои худро ба беморони кӯдаки бистарӣ дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр эҳдо карданд.

 

Барчасп

Назарҳо