Октябр 22, 2019 15:45 Asia/Dushanbe
  • Қудратнамоии пучи Трамп дар баробари Эрон

Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико ҳамвора мавзеи хасмона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон иттихоз карда ва бар рӯйкарди фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Теҳрон, бо ҳадафи водор кардани Эрон барои қабули хостаҳои Вашингтон таъкид кардааст.

Дар айни ҳол Трамп ҳар аз чанд гоҳе изҳороти таҳдидомез алайҳи Эронро чошнии сиёсати хасмонаи худ алайҳи Эрон мекунад.

Доналд Трамп рӯзи душанбеи 21 октябр таҳдид кард, ки дар сурати лузум ба Эрон ҳамлаи низомӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, агар зарурат эҷоб кунад, ин иқдомро анҷом хоҳад дод.Трамп таъкид кард: “Агар маҷбур шавем, ба Эрон зарбае хоҳем зад, ки то кунун вуҷуд надоштааст ва дар сурати лузум мо омодаи ҷанг ҳастем”.

Трамп ба Теҳрон ҳушдор дод, ки Амрико дорои қудратмандтарин артиши ҷаҳон аст, аммо бо ин ҳол ӯ то кунун олитарин сатҳ аз хештандориро дар Эрон ба кор гирифтааст.

Нигоҳе ба амалкарди амниятии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, ба вижа дар ҳавзаи халиҷи Форс пӯшолӣ (сусту нотавон) будани таҳдидоти ҷадиди Трамп алайҳи Эронро ба хубӣ нишон медиҳад. Бо вуҷуди оташсӯзиҳо барои нафткашҳо ва киштиҳои мутааллиқ ба муттаҳидони минтақаии Вашингтон ва низ вуқӯи ҳамалот ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ, ки давлати Трамп саъй ба интисоби онҳо ба Эрон кард. Ва ҳатто сарнагунии паҳподи гаронқимати “Глобал Ҳоук” –и амрикоӣ тавассути Эрон, аммо давлати Трамп ба рағми таҳдидоти бисёр, ҷуръати ҳеҷ гуна иқдоме алайҳи Эронро пайдо накард.

Трамп ҳатто дар ҷараёни сарнагунии паҳподи “Глобал Ҳоук” муддаӣ шуд, ки қасди ҳамлаи талофиҷӯёна ба Эронро дошта, аммо ба далели мулоҳизоти инсонӣ аз ин кор сарфи назар кардааст. Бо ин ҳол, ин фақат иддаое пуч буд ва бо таваҷҷуҳ ба ҳушдори Пентагон дар бораи иқдомот мутақобили Теҳрон, Трамп аз ин кор сарфи назар карда буд. Дар воқеъ, ҳароси Амрико аз тақобули низомӣ бо Эрон, ба далели тавонмандиҳои низомии боздоранда, нуфузи минтақаии Эрон ва осебпазирии шадиди нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақа дар баробари ҳамалоти талофиҷӯёнаи Эрон аст.

Дар айни ҳол, Трамп, ки акнун гирифтори таноқузоти бисёре дар рӯйкарди сиёсати хориҷии худ буда ва бо беэътимодии физояндаи шарикон ва муттаҳидони минтақаии Амрико мувоҷеҳ аст, талош мекунад то бо ин изҳороти таҳдидомез алайҳи Эрон, зимни қудратманд нишон додани Амрико, ба муттаҳидони минтақаии худ низ дар бораи ҳимояти Вашингтон аз онҳо дилгармӣ бидиҳад. Ҳадафи давлати Трамп эҷоди иҷмои байналмилалӣ алайҳи Эрон, баҳонатарошӣ барои афзоиши фишорҳои иқтисодӣ ва ташдиди сахтгириҳо алайҳи Теҳрон, эҷоди замина барои афзоиши ҳузури низомӣ дар ҳавзаи халиҷи Форс ва эътимодсозӣ дар қиболи муттаҳидони минтақаии Амрико аст.

Вашингтон дар айни ҳол дар садади эҷоди эътилофи дарёӣ ба манзури ба истилоҳ тазмини озодии киштиронӣ дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз баромадааст. Бо ин ҳол, ҳузури низомии пурранги Амрико дар ин минтақа барои ҳифозат аз муттаҳидони худ бефоида буда ва камтарин натиҷаи мусбате ба ҳамроҳ надоштааст. Албатта Трамп шарти ҳифозат аз муттаҳидони минтақаии Амрикоро пардохти ҳазинаҳои он эълом кардааст. Доналд Трамп рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо шабакаи “Фокс нюс” гуфт, Арабистон ҳазинаи ҳимояти Амрико аз худро пардохт мекунад ва пештар ин бесобиқа буд.

Дар айни ҳол изҳороти ҷадиди Трамп суолҳоеро дар бораи тағйири докторинаи низомии Амрико дар ғарби Осиё ба вуҷуд овардааст. Трамп аз як сӯ мудом бар қасди худ барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа таъкид карда ва аз сӯи дигар Эронро ба таҳоҷуми низомӣ таҳдид мекунад. Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико дар талош барои тавҷеҳи ин таноқуз бар истифода аз қудрати нимасахт, яъне қудрати иқтисодӣ ва қудрати нарм, яъне тавони дипломатӣ таъкид карда ва дар айни ҳол муддаӣ шуда, ки дар сурати зарурат Трамп дар корбурди қудрати низомӣ диранг нахоҳад кард. Ба гуфтаи Пампео: “дар замоне, ки ниёз ба як ҳамлаи низомӣ бошад, шумо бояд бидонед, раисҷумҳур Трамп комилан мутааҳҳид ба бардоштани ин гом хоҳад буд”.

Бо ин ҳол ин сухани Пампео газофае беш нест, ҳамон гуна ки бо вуҷуди қавлҳои Вашингтон ба курдҳои шимоли Сурия барои муҳофизат аз онҳо дар қиболи Туркия, аммо Трамп бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин минтақа, амалан заминаи таҳоҷуми Анкара ба курдҳои Сурияро фароҳам кард ва ҳеч иқдоми низомӣ барои мамониат аз он анҷом надод.

 

Барчасп

Назарҳо