Октябр 23, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости устодони ҳиндӣ барои лағви ҳукумати низомӣ дар Кашмир

132 нафар аз устодони донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд бо ирсоли номае ба нахуствазири ин кишвар, идомаи ҳукумати низомӣ дар Кашмирро ғайриинсонӣ тавсиф карданд.

Ба нақл аз хабаргузрории Тасним, дар ин нома таъкид шудааст, ки идомаи ҳукумати низомӣ дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд ғайриқонунӣ аст ва бояд лағв шавад.

Устодони ҳиндӣ ҳамчунин аз нахуствазири ин кишвар хостанд, зимни рафъи фаврии ҳасри хонагии мардуми Кашмири таҳти назорати Ҳинд ин фурсатро эҷод кунад,то сокинони ин минтақа дар бораи сарнавишти худ озодона тасмим биигиранд.

Аз оғози ҳукумати низомӣ дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд ва ҳабси хонагии мардуми ин минтақа 79 рӯз мегузарад.

Нарендра Мудӣ, нахуствазири Ҳинд 5 августи 2019 худмухторӣ ва имтиёзоти вижаи Кашмири таҳти назорати ин кишварро лағв кард.

Ин иқдом бо эътирози густурдаи кашмириҳо муавоҷеҳ шуд, аммо давлати Ҳинд ҳамчун гузашта зимни иқдомоти саркӯбгарона дар ин минтақа, тадбирҳои шадиди амниятӣ барқарор ва сарони гурӯҳҳои кашмириро боздошт кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо