Ноябр 11, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: таҳримҳо, талоши ноумедонаи Ғарб барои соқит кардани ҳукумати Димишқ аст

Раиси ҷумҳури Сурия дар мусоҳиба бо шабакаи русӣ таъкид кард, ки таҳримҳои Амрико ва Аврупо барои соқит кардани ҳукумати Димишқ буд, аммо ба мардуми одӣ осиб мезанад.

Вай афзуд, маҳдудиятҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Сурия дар ваҳлаи аввал мардуми одии Сурия ҳадаф гирифта буд онқадар, ки мардумро ба шуриш алайҳи давлат водошт. Акнун Ғарб ҳар сол таҳримҳои худро ба муддати як даҳсола таҷдид мекунад ва ҳадафи тозаи онҳо танбеҳи суриҳо ба хотири муқовимат дар баробари фишорҳои онҳост.

Асад гуфт, онҳо интизор доштанд мардум дар мароҳили мухталиф алайҳи давлат шуриш кунанд, аммо натавонистанд. Аз террористҳо ҳимоят карданд, аммо мардум бо онҳо ҳамроҳӣ накарданд ва дар канори давлати худ истоданд. Акнун онҳо дар ранҷанд ва ҳазина медиҳанд.

Раиси ҷумҳури Сурия дар идома таъкид кард, ки таҳримҳо талоши ноумедонаи ғарбиҳо барои соқит кардани давлати Димишқ, ки аз ҷанги дохилӣ ва ҳузури густардаи террористҳо солим берун омадааст, маҳкум ба шикаст аст чаро ки афкори умумӣ, ки солҳо ҷангро дидааст дигар ба роҳатӣ тағйир нахоҳад кард.

 

Барчасп

Назарҳо