Ноябр 12, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Аввалин иқдоми кишварҳои исломӣ алайҳи наслкушии мусалмонони Миёнмор

Гамбия ба намояндагӣ аз Созмони Ҳамкории Кишварҳои Исломӣ алайҳи наслкушии ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар Миёнмор шикоятеро ба Додгоҳи байналмилалӣ таслим кард.

Ба гузориши ИРНА, ин нахустин иқдоми ҳуқуқӣ ва қазоии 57 кишвари мусалмон алайҳи омилони ин наслкушӣ маҳсуб мешавад. Вакилони ин парванда рӯзи душанбе аз Додгоҳи байналмилалӣ хостанд, то ба ҷурми куштори ақаллияти мусалмони руҳингиёӣ дар Миёнмор ба фаврият дастуроте барои ҷилавгирии наслкушӣ алайҳи мардум содир кунад.

Абубакрмори Томбодо, вазири додгустарӣ ва додситони Гамбия дар ин замина гуфт, ки мехоҳад як паёми рӯшан ба Миёнмор ва ба бақияи ҷомеаи байналмилалӣ ирсол кунад, ки ҷаҳон набояд дар муқобили терроризм канор истад ва коре анҷом надиҳад.

Мақомоти Миёнмор то кунун дар ин замина вокунише нишон надодаанд.

Артиши Миёнмор августи соли 2017 дар вокуниш ба ҳамлаи теъдоде аз шӯришиёни миёнморӣ як ҷанги тамомайёрро алайҳи ақаллияти мусалмони Руҳингия дар ғарби Миёнмор ба роҳ андохт, ки дар пайи он ҳазорон нафар кушта шуданд ва беш аз 700 ҳазор нафар аз руҳингиёиҳо пас аз гурези душвор дар нуқтаи марзии Бангладеш бо Миёнмор паноҳ гирифтанд.

Артиши Миёнмор соли гузашта тавассути Созмони Милал омили наслкушии руҳингиёиҳо шинохта шуд ва бадтарин артиши ҷаҳон ном гирифт. Ниҳоди ҳуқуқи шаҳрвандии “Fortify Right” дар октябри соли 2016 ва августу сентябри соли 2017 дар гузоришҳои мухталифи худ эълом кард, ки артиши Миёнмор беш аз 11 ҳазор сарбозро ба ҳамроҳи пулис ва омилони ғайринизомӣ барои қатли ому таҷовуз ва шиканҷаи мардуми Руҳингиё мавриди истифода қарор додааст.

 

Назарҳо